Ба гузорири радиои тоҷикии Садои Хуросон, генерал Сайидяҳё Раҳимисафавӣ, дар ҳамоиши ҷойгоҳи илми ва фановари дар дифоъи муқаддас дар бонишгоҳи ҷомеъи имом Ҳусайн(а) бо ишора ба иғтишошоти ахир дар кишвар гуфт: Ин фитнаҳо тамом мешавад, аммо боз ҳам мумкин аст суроғамон биёянд пас набояд бетаваҷҷуҳ бошем.
Генерал Раҳимисафавӣ афзуд: Миллати қудратманд ҳастем, ки раҳбари хирадманд, шуҷоъ ва лоиқ дорем.
Дарсёр ва мушовири фармондеҳи муаззами кулли қувво дар идома ба талоши неруҳои мусаллаҳ барои хидкифоӣ ишора карду афзуд: Дар даврони ҷанг ироқиҳо таҷҳизотмеҳвар аммо Эрон фикрмеҳвар буд ва бо такия ба тавон ва дониши худ ба таҷҳизоти мавриди ниёз даст ёфт.
342/